Аз Маркази тиббии рақами 3-и шаҳри Душанбе ба «Фараж» иттилоъ доданд, ки Осия Зулфонова, духтараке, ки дар Душанбе аз ҷониби се ноболиғ оташ зада шуд, бори сеюм ҷарроҳӣ шудааст.
Мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи маркази мазкур Тоҳир Зубайдов, ки табобати Осияи сӯхта маҳз зери назорати ӯст, имрӯз, 3-юми июл дар суҳбати телефонӣ гуфт, бори сеюм Осияро ҷарроҳӣ кардаанд.
— Имрӯз ҳамроҳ бо профессори олмонӣ Эдгар Бимер тӯли 1,5 соат марҳилаи сеюми ҷарроҳии мекроэктомия (бурида гирифтани бофтаҳои сӯхта) гузаронидем. Ин намуди ҷарроҳӣ барои дар оянда гузаронидани ҷарроҳии тармими озод (автодермопластика), яъне часпонидани пӯст аз ҷойҳои солими бадан пешбинӣ мегардад. Насиб бошад, як рӯз пас дар бадани бемор ҷарроҳии тармими озодро хоҳем гузаронд,- гуфт Т. Зубайдов.
Табиб гуфт, феълан маълум нест, Осия чанд маротиба ҷарроҳӣ хоҳад шуд, зеро масоҳати сӯхта калон аст. Ӯ гуфт, айни ҳол ба камбуди пӯсти солим дар бадани Осия мувоҷеҳанд ва ҷарроҳиҳо дар муддати тӯлонӣ, марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.
Тоҳир Зубайдов гуфт, феълан вазъи бемор бетағйир боқӣ мемонад. Аз ҷониби фонди хайрияи «Лона» ва худи беморхона барои беморони вазнин таоми махсус омода карда мешавад, ки Осия ҳам аз он истеъмол мекунад.