Дар Маркази миллии илмӣ оид ба трансплантатсияи организми инсон ва бофтаҳо дар Тоҷикистон аз оғози фаъолияташ то инҷониб 77 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҷарроҳӣ шудаанд.
Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар муассисаи мазкур соли 2018-ум 104 нафар бемор ҷарроҳӣ шудаанд. Инчунин, 10 бемори дигар бофтаҳои ҷигарашонро иваз кардаанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки бо мақсади коҳиши теъдоди бемороне, ки ба хориҷи кишвар барои табобат мераванд, дар Маркази миллӣ оид ба трансплантатсияи организми инсон ва бофтаҳо шӯъбаи трансплантатсияҳои бофтаҳои майнаи сар низ амал мекунад.
Амалиётҳои трансплантатсияи организм ба 77 нафар шаҳрванди хориҷӣ гузаронида шуданд, аз ҷумла 27 нафарашон шаҳрванди Озарбойҷон, 21 нафар шаҳрванди Қирғизистон, 16 нафар шаҳрванди Исроил ва шаҳрвандони дигар давлатҳо мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2011 дар Тоҷикистон Маркази миллӣ оид ба трансплантатсияи организми инсон ва бофтаҳо таъсис дода шуд. Дар тобистони соли 2010, қарори ҳукумат дар бораи таъсиси муассисаи давлатии Маркази миллии илмии трансплантатсияи организми инсон ва бофтаҳо баромада буд.
Қонуни ҶТ «Дар бораи трансплантатсияи организми инсон ва бофтаҳо» аз ҷониби президенти Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2007 ба имзо расидаааст.