Мувофиқи лоиҳаи инвеститсионӣ дар минтақаи Тахиатоши Ҷумҳурии Қароқалпоқистон нерӯгоҳи барқ ҳароратӣ сохта шудааст. Гуфта мешавад, ҳадафи асосӣ аз сохтани ин нерӯгоҳи ҳароратӣ таъмини Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразми ин кишвар бо барқи бефосила ва босифат, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ, сарфакории захираҳои сӯзишворӣ ва истифодаи самараноки он мебошад.

Дастгоҳу таҷҳизоти лӯлаҳои газу бухор, ки дар ин нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ насб шудаанд, ширкати амрикоии GE  истеҳсол намудааст. Корҳои сохтумонии нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатошро  консорсиуми ширкатҳои Hyudai Engineering Hyindai engineering & Conctrukcion бар асоси технологияҳои замонавию пешрафта анҷом додаанд.

Арзиши умумии лоиҳа 678,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Аз ин шумор 300 миллион доллар ба маблағҳои инвеститсионии Бонки рушди Осиё тааллуқ дорад.  Партохти маблағҳои боқимонда барои татбиқи лоиҳаи мазкурро хазинаву бонкҳои худи Ӯзбекистон бар дӯш гирифтаанд.

Дар ин нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ ду дастгоҳи буғ ва газ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки қувваи ҳар кадоми он аз 230 то 280 МВт мебошад.

Тавре ки директори “Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош” Фахриддин Халилаев изҳор кард, ба кор даромадани ду таҷҳизоти газу буғ нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодии нерӯгоҳро боз бештар  афзоиш дод.

-Ба таври мисол, нерӯи он аз 730 МВт ба 1000 МВт боло рафт. Минбаъд миқдори тавлиди солонаи нерӯи барқ  аз 3 миллиард кВт/соат ба 3,6 миллиард кВт/соат меафзояд.  Ҳаҷми сӯзишвории шартӣ, ки барои тавлиди 1 кВт/соат харҷ мегардад, ба 170,3 гр/кВт соат коҳиш меёбад, ба ибораи дигар, дар тӯли сол 488,6 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда мешавад. Гузашта аз ин, ба 293 миллион метри мукааб об камтар истифода мешавад,-мегӯяд Фахриддин Халилаев.

Вай афзуд, ки истифодаи чунин тарзи кори технологияҳои наву замонавии нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ мусоидат менамамояд, ки партобаҳои оксиди азот ба севуним баробар, патобаҳои умумии ифлоскунандаи атмосфера 5,1 баробар, дараҷаи ифлосшавии он 3,2 баробар коҳиш ёбад.

Маълум шуд, ки барои татбиқи лоиҳа дар маҷмӯъ 2 ҳазору 155 муҳандис ва кормандон ҷалб шуда буданд. 1 ҳазору 511 нафар ё 73 дарсади онҳо мутахассисону кормандони маҳалл, яъне ӯзбекистонӣ ташкил додаанд.

-Агар “Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош”   соли 2020  тавлиди 3 миллиарду 563 миллион кВт/соат нерӯи барқро ба нақша гирифта бошад, то охири сол ин нишондиҳанда ба 110 дарсад иҷро гардид. Нерӯгоҳ аз ҳисоби тавлиди барқ 410 миллиарду 587 миллион сӯм даромади соф ба даст овард. Дар мавриди пойин бурдани арзиши аслии барқ  низ ба дастовардҳои муҳим ноил гардидем,-иброз дошт Фахриддин Халилаев.

Тавре ки директор тазаккур дод, дар ояндаи наздик ба воситаи рақамикунонии корхонаи мазкур хароҷотҳо ва гардиши коғаз низ коҳиш дода хоҳад шуд. Зеро тамоми корҳо аз роҳи автоматикӣ ба анҷом расонида мешаванд. Ба гуфтаи Фахриддин Халилаев дар назди комютерҳои маркази идоракунӣ ва назорат мутахассисоне машғули кор ҳастанд, ки мутахассисони варзида ба шумор меравандрад. Ҳамчунин ин мутахассисон мунтазам аз такмили ихтисос мегузаранд ва донишу маҳорати худро такмил медиҳанд.

Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон фасли тобистон як қисми нерӯи барқро аз кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон харидорӣ мекунад. Дар ин самт ду кишвари ҳамҷавор ҳамеша ҳамкориҳои худро тавсеа бахшидаанд.

Аммо ҳадафҳои аслии арзи вуҷуд намудани “Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош” дар айни ҳол таъмини эҳтиёҷи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразмро мадди назар гирифтааст. Гуфта мешавад, ҳамзамон ин нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ  Корхонаи истихроҷи маъдани кӯҳии Навоиро низ  бо барқ таъмин хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, Тошканд-Тахиатош-Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here