Аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон хабари мудҳиш расид. Дар ноҳияи Хуҷайлии ин ҷумҳурӣ бар асари пахши оксиди карбон шаш нафар ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, чаҳор нафари онҳо аъзои як оила мебошанд. Дар ин ҳодиса зану шавҳар ва ду фарзанди ноболиғи онҳо, ҳамчунин, ду нафар меҳмон, аз бӯи ғализи газ ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба маълумоти кормандони идораҳои додситонии Қароқалпоқистон соҳибхона аз бухорие истифода кардааст, ки хонаро бо газ гарм мекунад. Аммо он бухорӣ муҷаҳҳаз набудааст ва оксиди карбони аз кадом сӯрохии он ихроҷшуда шаш нафарро ба ҳалокат расонидааст.

Додситонии ноҳиявии Хуҷайлӣ дар ин робита парванда боз кардааст ва кормандони ин ниҳод ба таҳқиқи ҳодиса партохтаанд. Гуфта мешавад, ки назорати ин тафтишро додситонии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон бар дӯш дорад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here