Дар суди ноҳияи Рашт парвандаи ҷиноятӣ нисбати директори муассисаи таҳсилоти умумии асосии №68 ноҳияи Рашт Толибов Я.А. бо моддаҳои 36 — 340 қ. 2 банди “б”, 257 қ. 2 банди “а”, 245 қ. 2 бандҳои “а, б, г”, 319 қ. 4, бандҳои “а, в”, 247 қ.2, бандҳои “а, в, г” ва 323 Кодекси ҷиноятӣ ва нисбати омӯзгори муассисаи мазкур Эшонова Н.Б. бо моддаҳои 340 қ.2, банди “б”, 36-323, 320 қ. 2 ва 245 қ. 2, банди “а,б” Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, ки Толибов Я.А. барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ ҳамчун директори муассисаи таълимӣ кору фаъолият намуда, аввалҳои моҳи майи соли 2015 дар МТУА №68-и ноҳияи Рашт бо омӯзгори ҳамин муассиса Эшонова Н.Б, оиди бар ивази маблағи пулӣ ба духтари номбурда Асалзода Д.Т. ғайриқонунӣ омода кардани аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ маслиҳат намудааст. Тибқи маслиҳати пешакӣ Эшонова Н.Б. ба Толибов Я.А. 500 сомонӣ ҳамчун пора барои омода намудани аттестати ғайриқонунӣ додааст.
Толибов Я.А. аз ваколатҳои худ ҳамчун директори муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ истифода намуда, охирҳои моҳи августи соли 2015 ғайриқонунӣ аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ба ному насаби Асалзода Д.Т. омода намуда, ба Эшонова Н.Б. додааст.
Толибов Я.А. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, аввалҳои моҳи январи соли 2017 бо таҳдиди аз вазифа озод намудани таъмиргари муассисаи мазкур Асрориддини А. аз падари номбурда Қуқанов А.С. бо роҳи тамаъҷуӣ 400 сомонӣ пора талаб намудааст, ки номбурда бо мақсади аз вазифа озод накардани писараш моҳи январи соли 2017 маблағи 400 сомониро ҳамчун пора ба Толибов Я.А. додааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Рашт аз 27 декабри соли 2017 Толибов Я.А. ва Эшонова Н.Б.бо моддаҳои дар боло қайдгардида гунаҳкор дониста шуда, ба Толибов Я.А. ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 150000 сомонӣ ва ба Эшонова Н.Б. ҷарима ба андозаи 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 100 000 сомонӣ таъин гардид.