Тобути 50 шаҳрванди Тоҷикистон бо дастгирии як ҳамватани саховатпеша тавассути мошини махсус аз Русия ба ватан оварда шуданд. Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин ҷанозаҳо барои дафн кардан ба хешу пайвандон супорида шуданд.

Маълум гардид, ки аз миёни 50 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ватан интиқол дода шуданд, аз ҳама беш сокинони вилояти Суғд мебошанд. Танҳо аз ин вилоят тобути 14 нафар ба ватан оварда шуд. 36 тобути дигар аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Бадахшон буданд.

Як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аксари шаҳрвандони кишвар аз маризии коронавирус дар мулки ғариб ҷон бохтаанд.

«Миёни онҳо аз ҳама калонсол марди 71-сола ва хурдтаринаш духтарчаи 4-сола мебошад. Аз миёни 50 тобут,  4-тои онро занҳо ташкил медиҳанд», — изҳор доштааст ӯ.

Гуфта мешавад синну соли аксари марҳумон аз 40 то 60-сола буда, инчунин, дар миёни онҳо тобути ду ҷавони 21 ва 26-сола низ ба ватан оварда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here