Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди деҳаи Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, воситаи нақлиёти тамғаи ДАМАС, рақами қайди давлатиаш 9643 ВК -ро барои азназаргузаронӣ боздошт карданд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдор 150 килограмм маҳсулоти қаннодии қанди наъви «DOLLY»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон ошкор гардид.

Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки моли мазкур ба шаҳрванд С.Қ. соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи ноҳия Спитамен тааллуқ дорад.

Номбурда ин миқдор молро аз минтақаи наздисарҳадии Платинаи ноҳияи Спитамен аз як шахсӣ ба ӯ ношиноси шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки зимни вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст, харидааст. Ӯ моли харидаашро бе барасмиятдарории гумрукӣ ҳамлу нақд намуда, мехост ба ноҳияи Ҷаббор Pacулов барои фурӯш барорад.

Ҳамин тавр, шаҳрванд С.К. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, содир намудааст.

Дар асоси гуфтаҳои зикршуда ва бо дастрасии талаботи моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба шаҳрванд С.Қ тибқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here