Суди шаҳри Лондони Бритониё ҳамсари раиси пешини Бонки байналхалқии Озарбойҷон Замира Ҳоҷиеваро дар ивази гарав аз ҳабс озод кардааст.
Ӯро ҳафтаи гузашта баъди он боздошт карданд, ки дар маркази тиҷоратии Harrods якбора 16 миллион фунт харҷ кард ва ҳам бо арзиши 20 миллион фунти дигар амволи ғайриманқул харид.
Ҳоҷиеваро дар Озарбойҷон барои дуздӣ айбдор мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир полиси Бритониё манбаи даромади Ҳоҷиеваро таҳқиқ мекунад. Нисбати ӯ бо моддаи ғасби ғайриқонунии маблағ парванда боз шудааст. Ҳоҷиеваро дар ивази 500 ҳазор фунт аз ҳабс раҳо карданд. Дар ҳамин ҳол, ӯ вазифадор аст, ки ҳамарӯза дар полис худро сабт кунад. Ҳоҷиева ҳақ надорад, баъди соати 9 аз манзилаш берун равад ва шаҳри Лондонро тарк кунад.
Замира Ҳоҷиева 55 сол дорад. Соли 2016 суди Боку шавҳари ӯро бо айби қаллобӣ ва исрофкорӣ 15 сол зиндонӣ кард. Тафтишот мегӯяд, бо айби Ҷаҳонгир Ҳоҷиев — раиси пешини бонк — даҳҳо миллион доллар аз бонк ғайб задааст. Худи ӯ ин айбро рад мекунад.