Мақомоти баландпояи Амрико гуфтаанд, ки ширкти бузурги Чин “Huawei” ба амнияти иттилоотии NАТО таҳдид мекунад, аз ин рӯ иттифоқчиён мебояд ба сохтани шабакаҳои нави комуникатсионии 5G иҷозат надиҳанд. Дар ҳамин ҳол, Вашингтон ба мамлакатҳои аврупоӣ сахт фишор овардааст, то “Huawei” — яке аз бузургтарин ширкатҳои технологии ҷаҳонро, аз шабакаҳои мобилии насли оянда манъ кунанд. Гуфта мешавад, ки ин хатари амният аст.
Котиби давлатии Аврупо Майк Помпео зимни баромадаш дар Конфронси амниятии Мюнхен иброз намудааст, ки ин ширкат “аспи троян барои истихбороти Чин” аст. Вазири дифои Амрико Марк Эспер таъкид кардааст, ки “Huawei” ҳамчун “стратегияи нафратангез”- и Чин барои ворид шудан ва бартарӣ додани инфрасохтори муҳими ғарбӣ “кӯдаки баъдӣ” мебошад.
Иттифоқчиёни асосии Амрико дар Аврупо — Британияву Фаронса гуфтаанд, ки онҳо ширкати “Huawei”-ро дар сохтани шабакаи 5G манъ намекунанд, аммо маҳдудиятҳоро ворид хоҳанд кард. Амрико рӯзи 14-уми феврал алайҳи ширкати “Huawei”-и Чин дар робита ба дуздии моликияти зеҳнӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Бар иддаои кашшофони амрикоӣ ин ширкат сирри тиҷоратро аз ширкати амрикоии “T-Mobil” дуздидааст. Дар робита ба ин Трамп гуфтааст, ки имконоти “Huawei” иттилооти стратегии Ғарбро халалдор мекунад, ки ин боиси нигаронист. Қарор аст, Вашингтон бо бастани “Huawei” ба ҳама гуна шартномаҳои телокомуникатсионӣ бо Чин монеъ шавад.
Ширкати “Huawei” айбдоркунии Вашингтонро шадидан рад мекунад. Дар ҳамин ҳол Пекин муносибати ин ширкатро “бӯҳрони иқтисодӣ” унвон кардааст.