Дилёр Ҳакимов ба ҳайси роҳбари намояндагии Ӯзбекистон аз тарафи дабири кулли Созмони аҳдномаи Атлантики Шимолӣ (СААШ-NATO) пазируфта шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Брюссел Дилёр Ҳакимов эътимодномаро ба Дабири кулли ин созмон Йенсу Столтенберг тақдим кард. Дар иттилоияи дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон ҳамзамон омадааст: “Мақомоти роҳбарии созмон ислоҳоти доманфарох ва дигаргуниҳои куллӣ дар Ӯзбекистон таҳти раёсати Шавкат Мирзиёевро арзишманд хонд, ки имкониятҳои фаровони Ӯзбекистонро бозтоб менамояд ва мамлакатро ба давраи нави рушди таърихӣ роҳнамоӣ мекунад”.

Бино ба иттилои ин манбаъ, дар ҷараёни суҳбат вазъи ҳамкориҳо ва дурнамои он байни Ӯзбекистон Ва СААШ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши низомӣ, ҳамчунин, ба кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарории сулҳу субот дар Афғонистон нигаронида шудаанд.

Дабири кулли СААШ Йенс Столтенберг ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид намуда, афзудааст, ки нақши Ӯзбекистон дар масъалаҳои барқарории суботу амният ва бартараф шудани ҷангу даргириҳо дар Афғонистон хеле назаррас мебошад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here