1-уми декабр Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО

Иёлоти Муттаҳида дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ВНМО-2019 ба Тоҷикистон ҳамроҳ мешавад. Аз соли 2003 инҷониб, ҳукумати ИМА тавассути нақшаи фавқуллодаи президенти ИМА алайҳи БМНБ (PEPFAR) бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, дар барномаҳои аз байн бурдани беморӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 21.5 миллион доллар тавассути ЮСАИД саҳм гузоштааст.

Ду ташкилоти амрикоӣ — Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) ин барномаҳоро татбиқ мекунанд. Корҳои наҷотбахши PEPFAR аз ҷониби ҳукумати ИМА бо ӯҳдадории устувори дар хотима бахшидан ба эпидемияи ВНМО/БПНМ ва ҳамдардиву саховатмандии мардуми Амрико имконпазир шуд.

Дар Тоҷикистон тақрибан 14,436 нафар шахсони аз 15 сола боло ҳастанд, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, ки 0,25% сатҳи паҳншавиро ташкил мекунад. Аз ин теъдод, 10,662 нафар мардон ва 3774 нафар занон мебошанд. Соли 2017 дар Тоҷикистон 1300 сирояти нави ВНМО ва 1000 марги марбут ба БПНМ ба қайд гирифта шуда буданд. Аз соли 2010 инҷониб, шумораи сироятҳои нави ВНМО 2% кам шудаанд. То ноябри соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон тақрибан 7000 нафарро бо табобати наҷотбахши антиретровирусӣ таъмин мекард, ки ин рақам 78% ҳамаи одамони гирифтори ВНМО, ки аз мақоми худ огоҳанд, ташкил мекунад. Дар Тоҷикистон 70% ҳолатҳои сирояти ВНМО ба се минтақа — ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Душанбе ва вилояти Суғд рост меоянд.

Тоҷикистон то соли 2020 дар самти татбиқи барномаҳои муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМО/БПНМ (UNAIDS) 90-90-90 идома хоҳад дод, ки ҳадафи он ташхиси 90% шахсони гирифтори ВИЧ, табобати антиретровирусӣ ба 90% шахсони ниёзманд ва фурӯ нишондани вирус дар бадани 90% шахсони табобатшаванда мебошад. Дар аввали моҳи январи соли 2019, 6903 нафар шахсони синнашон аз 15 сол боло гирифтори ВИЧ буданд, (ин 48% миқдори умумиро ташкил медиҳад); 5313 нафари онҳо муолиҷаи зиддиретровирусӣ доштанд (37% аз миқдори умумӣ); ва дар бадани 4144 нафар вирус фуру нишаст (78% миқдори пешбинишуда). Сафорати ИМА тасмим гирифтааст, ки тавассути давом додани барномаҳо дар ин самт натиҷаҳоро то 90% дар ҳар як категория афзоиш диҳад.

Дар Тоҷикистон, БМНБ (PEPFAR) ҳам ба ҳукумат ва ҳам ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки барномаҳои дар самти муайян намудани вазъи одамони гирифтори ВИЧ ва таъмини онҳо бо табобати ҳаётбахшро пеш бурда истодаанд,  дастгирии молиявӣ ва техникӣ мерасонад. Ин дастгирӣ созмонҳои ҷамъиятиеро, ки ба аҳолии осебпазир ёрӣ медиҳанд, фаро мегирад.

Тоҷикистон дар татбиқи сиёсатҳои калидӣ барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо пешрафти назаррасе ба даст овардааст, аз ҷумла пешниҳоди доруи якдафъаина, дар як рӯз як доруи умумӣ, ки бо номи TLD ҳамчун табобати антиретровирусӣ маъруф аст ва нақша дорад, ки ин доруро ба 90% беморони гирифтори ВИЧ дар муддати 12 моҳи оянда ворид кунад.. Нахустин интиқоли TLD, ки аз ҷониби Хазинаи Умумиҷаҳонӣ харидорӣ шудааст, тирамоҳи соли 2019 рост меояд.  Мо инчунин аз фурсат истифода бурда, ҳукумати Тоҷикистонро бо анҷоми тадқиқоти миллӣ табрик мегӯем, ки он дар бораи эҳтиёҷоти аҳолии осебпазир дар самти таъмини дастрасӣ ба хидматҳои наҷотбахши ВНМО маълумоти зарурӣ медиҳад.

Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар самти расидан ба ҳадафҳои ташаббуси «Роҳҳои тези UNAIDS хотима ёфтани эпидемияи СПИД то соли 2030» ва ҳадафҳои 90-90-90 то соли 2020 бо як қатор монеаҳо рӯбарӯ шуда истодааст. Мушкилоти асосӣ муҳоҷирати хориҷӣ ба Русия ва кам шудани маблағгузорӣ аз ҷониби донорҳо ба соҳаи тандурустӣ мебошад. Дигар мушкилоти ҷиддӣ ин қонунҳо ва сиёсатҳои табъиз нисбат ба аҳолии асосӣ, ки дастрасӣ ва хидматрасонии марбут ба ВНМО-ро маҳдуд мекунанд. Ғайр аз он, дар бораи баъзе қишрҳои аҳолӣ, бахусус муҳоҷирон, маълумот пурра набуда, фаҳмиши маҳдуди онҳо дар бораи роҳҳои ноил гардидан ба хидматрасонӣ беҳтар монеа мегардад. Дар натиҷа, ёфтани парвандаҳои нав дар байни гурӯҳҳои асосии аҳолӣ нисбат ба чашмдошт паст аст ва қобилияти онҳо дар дарёфт ва истифодаи хидматҳои ВНМО маҳдуд аст.

Дар ҷомеаҳои мухталиф, одамони гирифтори бемории ВНМО бо стигма ва табъиз ру ба ру мешаванд, бинобар ин имконияти озмоиши одамонро аз тарси он, ки онҳо ба муносибати манфӣ дучор мегарданд ё зиндонӣ мешаванд, душвор месозанд. Бо дарназардошти он, ки камтар аз нисфи шахсони гирифтори бемории ВНМО дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд, ёфтани парванда дар ин ҷо ниҳоят муҳим аст ва барои шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, аз ташхиси тиббӣ гузаштани шарикони онҳо низ муҳим аст.

Гарчанде ки муассисаҳои тиббӣ ва ҷойҳои анъанавӣ барои ташхис пешбинӣ карда шудаанд, аҳолии осебпазир, ки намехоҳанд доғдор шаванд, ба ташкилотҳои ҷамъиятиро бартарӣ медиҳанд. Фаъолияти пешрафтаи USAID барои кӯмак расонидан ба одамони эҳтиёҷманд дар аҳолиҳои асосӣ муносибатҳои бовариноки шариконро истифода мебарад.

Сатҳи баланди муҳоҷират, муайян намудани шахсони гирифтори Вируси норасоии масунияти одамро мушкил менамояд. Мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, тахминан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар вақтҳои гунонун берун аз кишвар кор мекунанд. Мардоне, ки дар муҳоҷират ҳастанд, аксар вақт дар Русия кор мекунанд, ки дар он ҷо эпидемияи ВНМО меафзояд. Муҳоҷирон муддати тӯлонӣ аз оилаҳои худ дур ҳастанд, ва дар ин ҳолат, онҳо хатари гирифтори сироят шуданро доранд. Мушкилии мазкур боз дар он аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар вакти берун аз қаламрави Тоҷикистон будан, ба табобати ВНМО дастрасӣ надоранд. Ин барои расидан ба ҳадафҳои 90-90-90 дар байни ин нафарон, монеаҳои назаррас ба вуҷуд меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо PEPFAR, Хазинаи Умуиҷаҳонӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, барои расидан ба ҳадафҳои 90-90-90 усулҳои навро татбиқ менамояд. Ин усулҳо иборат аз стратегияҳои самаранок оид ба муайанкунӣ ва санҷиши ҳолатҳо дар сатҳи ҷомеа, ҳамсолон ва хонаводаҳо  мебошад. Истифодаи маълумоти воқеӣ барои санҷидани самаранокии барномаҳо ва фаъолиятҳои мустақимро дар бар мегиранд. Тоҷикистон  кӯшиш менамояд, ки амалҳоро дар муайян намудани шахсони гирифтори ВНМО вусъат бахшад. Дар дарёфти шарикон, шабакаҳо ва ҷомеаҳое, ки дар он ҷо сирояти ВНМО ба амал меояд, корро ҷоннок менамояд. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо PEPFAR дар қабул ва тавсеаи стратегияҳо барои таъмини алоқаи шахсони ташхисшуда бо хадамоти табобати антиретровирусии муштарӣ ва гирифтани табобат дар сатҳи ҷомеа ва муассиса, ки ба пешгирии вирус равона шудааст, кор мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here