Дар пайи амалиёти “Корд”, ки чандест аз ҷониби РВКД дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст, ду ҷавонt боздошт шудаанд, ки дар 7 лаҳзаи ҷиноят гумонбар мешаванд.

РВКД аз дастгиршудагон Назаров Муҳаммадҷон Акбарович ва Маҳмудов Умед Сарабекович, сокинони 18 ва 22-солаи кӯчаҳои Навобод ва Ломоносови шаҳри Душанбе ном бурда, мегӯяд, аввалӣ қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон бо маслиҳати пешакӣ, бо истифода аз корд ба як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои роҳзаниву ғоратгарӣ даст задаанд.

Чунончӣ, дар заминаи тафтишот муайян шудааст, “онҳо санаи 30-юми октябри соли 2019 бо маслиҳати пешакӣ бо истифода аз корд шаҳрванд Раҷабов Шаҳбоз, соли таваллудаш 1998-ро таҳдид карда, аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи «Хонор-Лайф», бо арзиши 2100-сомониро, тасарруф кардаанд. Инчунин, худи ҳамон рӯз гумонбаршудагон, ҳангоми дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе қарор доштанашон, шаҳрванд Ризоён Шералӣ соли таваллудаш 1986-ро бе ягон асос дашномҳои қабеҳ дода, зуран телефонии мобилии тамғаи «Редми-6»-яшро, ки 1250-сомонӣ арзиш доштааст, тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

РВКД дар шаҳри Душанбе номбурдагонро дар содир кардани 5 ҳолати ҷинояти дуздӣ ва 2 ҳолати ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар медонад ва мегӯяд, ки барои муайян сохтани ҳолатҳои дигари ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо корҳои фаврии тафтишотӣ ҷараён дорад.

“Айни замон нисбат ба гумонбаршудагон Назаров Муҳаммадҷон ва Маҳмудов Умед Сарабекович, тибқи талаботи моддаҳои 248 (Ғоратгарӣ) ва 244 (Дуздӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here