Дар ҳудуди ҷанубу шарқии деҳаи Тудабоёни ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду адад ёдгории мероси ғайриманқул — нақби асримиёнагӣ ва иншооти хоҷагидорӣ бо боқимондаи хумҳои мансуб ба давраи Кӯшониён ёфт шудаанд.
Дар ин бора сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев ба «Ховар» маълумот додааст. Ба иттилои ӯ, бозёфтҳои мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешниҳод гардидаанд.
«Ёдгориҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг мавриди таҳқиқ ва бақайдгирӣ қарор гирифта, омӯзиши минбаъдаи онҳо аз ҷониби мутахассисони касбӣ ба анҷом расонида мешаванд», — гуфтааст Ш. Хоҷаев.
Гуфта мешавад, яке аз ин бозёфтҳо ин иморати хоҷагидорӣ аст, ки аз он ҷо се адад хумҳои бузурге, ки бевосита ба давраи Кӯшониён мансуб буданд, пайдо гардидаанд.
Дар шафати зарфҳои ёфтшуда инчунин қабри зане ошкор карда шудааст, ки ҳамроҳи ӯ ороишоти биринҷии диққатҷалбкунанда гӯронида шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки санъати заргарӣ дар он давра хеле тараққӣ карда будааст.
Ин бозёфтҳо аз шаҳри қадимаи Сайёд дарёфт гардидаанд. Шаҳри Сайёд ба қаламрави Хатлони қадим маҳсуб буда, дар он миқдори зиёди ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии дараҷаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд. Шаҳри Сайёд яке аз шаҳрҳои наздики пойтахти Хатлон — шаҳри Ҳулбук мансуб меёбад.