Дар чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ ва Назаршоеви Душанбе як марди тақрибан 25-30-сола зери чархи мошин монда, дар бемористон ба ҳалокат расидааст, ки шахсияташ маълум нест.
17-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 20:10а, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Гулов Фариддун Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 2000, сокини кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Аҳмади Дониш ба самти кӯчаи Валаматзода, дар ҳудуди чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ ва Назаршоеви пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ҷинсаш марди шахсияташ номаълум, тахминан 25-30-соларо зер кардааст. Дар натиҷа ин пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе ба ҳалокат расидааст.