Шоми дирӯз, 17-уми январ, дар километри 32-юми мавзеи Баржири ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим ҳодисаи нохуш ба амал омад. Ҳангоми тоза кардани роҳ се нафар корманди Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошим ногаҳон зери тарма мондаанд. Дар натиҷа ду нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, як нафар наҷот дода шудааст.
Нафарони фавтида, нигоҳдорони қисмати ин роҳ, падару писар Ақризобек Уталбекови 64- сола ва Мастулбек Уталбекови 41-сола, сокинони деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим буда, ба тоза кардани ҷодаи Хоруғ-Ишкошим машғул будаанд.
Ронандаи техникаи роҳтозакунии Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошим Амирбек Шодмонбеков, соли таваллудаш 1967, аз зери тарма наҷот ва сари вақт ба беморхона интиқол дода шудааст.
Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим хавфноктарин масир, хусусан дар фасли сармо, барои роҳсозон дониста мешавад.
Нимаи дуюми рӯзи 16-уми январ бинобар фаромадани тарма дар даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон се манзили истиқоматӣ хароб гардида буд.