Чор шаҳрванди Тоҷикистон дар як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди вилояти Саратови Федератсияи Русия ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора АИР «Новости» хабар дод.

Дар хабар аст, ки 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 30-уюми октябр баъди бархӯрдани мусофиркаш ва боркаш дар ноҳияи Петровский вилояти Саратов осеб дидаанд. Дар хабари фаврӣ гуфта мешуд, ки ду нафар ба ҳалокат расидаанд, аммо баъдтар шумораи фавтидагонро чор нафар эълон карданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон савори миниавтобуси Volkswagen Caravelle будаанд ва садама бо айби ронандаи «КамАЗ» сурат гирифтааст. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here