Дар оташсӯзии ҳона дар бинои баландошёна дар Красногорски вилояти Маскав шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дидаанд, ки аз ин инҳо ду тан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бораи АИР «Новости» хабар дод.
Оташ масоҳати 50 метри квадратиро фаро гирифтааст ва дар 13.55 дақиқа хомӯш карда шудааст.
Бино ба маълумоти охир 4 нафар – ду мард ва ду кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Падар бо ду писараш аз тирезаи ошёнаи 6-ум худро ба поён партофтаанд ва бо ваъзи вахим ба бемористон интиқол дода шудаанд. Мард дар бемористон ҷон додааст. Як зан аз дуди оташ заҳролуд шуда ба ҳалокат расидааст. Ҷасади сӯхтаи як кӯдакро пайдо кардаанд. Як зани дигар бо ду кӯдак ба бемористон интиқол дода шудаанд, ки боз як кӯдак дар беморхона ваофт кардааст.
Гуфта мешавад, ки оташсӯзӣ бо сабаби таркиши балони газ рух додааст. Дар ин ҳуҷра 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ мекардаанд, ки аз инҳо се нафар кӯдак будаанд.