Ширкати Tcell дар бахши корпоративии бозори алоқаи мобилӣ низ пешсаф аст. Ширкат зиёда аз 17 сол инҷониб ба муштариёни корпоративии худ хизматрасонии босифат ва муфидро пешкаш менамояд.

Дар доираи сиёсати хеш, ширкати Tcell бо муштариёни корпоративӣ, яъне ширкатҳои алоҳида ҷамъомадҳои муфид мегузаронад, ки дар он бо таҷрибаи худ ва тарзи бурдани тиҷорат ба муштариён маълумот медиҳад. Дар моҳи охир ширкати Tcell ин гуна ҷамъомадҳоро бо муштариён-монанди «Таджеро», «Таджеро Суғд», «Зерновая компания», «Ассоциацияи Кедр», «Реал Трейдинг», «Суғдпластик», «Қолинҳои Қайроқум», «Аҷам Авиа»,  дар Душанбе ва Хуҷанд гузаронид.

Асосоан мавзуи ин гуна чамъомадҳо “Асосҳои презентасия дар фуруш” буд, ки дар он мутахассисон ва роҳбарони бахшҳои фуруши ширкатҳои гуногун иштирок намуданад. Дар муҳити муштарак, иштирокчиён дар бораи услубҳои гуногуни фуруш, методи СПИН – таҳлили эҳтиёҷи муштарӣ ва муаррифии (презентасия) маҳсулот, иттилооти барои фаъолияти хеш муфид ҷамъ намуданд.

Иштирокчиёни ҷамъомадҳо фаъолона дар мавриди таҷрибаи худ ва ғалатҳои ки бояд дар кор бо муштарӣ бояд даст кашид, ибрози ақида намуданд. Машқҳои амалӣ низ гузаронида шуд ва дар ҳар яки он иштирокчиён марҳилаҳои кор бо муштариён ва техникаҳои психологие, ки ба фуруши мувааффақ оварда мерасонад, дида баромаданд. Диққати хоса , ба шарҳҳои манфие, ки муштариён дар бораи маҳсулот ё хизматрасонӣ медиҳанд, дода шуд.

Мувофиқи ақидаҳои муштариён ин гуна ҷамъомадҳо ба онҳо имконият медитҳад, то дар тули фаъолияти худ ин гуна услуб ва методикаҳоро истифода баранд. Чунончи Бахром Валиев, мутахассиси ширкати “Зероновая компания” мегуяд – «Дар охири чамъомад, ҳамагон ба хулоса омадем, ки маълумоте, ки ҷамъ овардем дар кори ҳаррузаамон истифода ҳохем бурд ва ин танҳо ба фоидаи худамон хоҳад буд».

Дар марҳилаи аввали ин ҷамъомадҳо мутахассисони зиёда аз 100 ширкатҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here