Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа бар дастаи мунтахаби олимпии Эрон ғалаба кард.

Бозӣ дар майдони футболи Академияи «Aspire» баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум ҳуҷумкунандаи дастаи Эрон Воҳид Номдорӣ кушод. Дар охири нимаи аввали бозӣ капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе аз хатои ниммуҳофизатгари эронӣ истифода ва ҳисобро баробар кард. Дар оғози нимаи дуюм, дар дақиқаи 50-ум, ҳуҷумкунандаи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев бо дарвозабони ҳариф як ба як баромад ва тӯбро ба кунҷи дарвоза ворид кард. Дар дақиқаҳои боқимонда бозингарони эронӣ барои наҷот додани дастаашон кӯшиш карданд, вале футболбозони мо хати ҳимояро пурзӯр ва ғалабаи дастаро таъмин карданд – 2:1.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа дастаи олимпии Қатар бар тими Кувайт бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи “Чор миллат” дар Доҳа 18 январ доир мегарданд. Ин бор дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон муқобили дастаи мизбон Қатар вориди майдон мешавад. Оғози бозӣ соати 21:30 бо вақти Душанбе аст.

Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев баъд аз бозӣ андешаҳояшро чунин баён кард:

“Оғози мусобиқа бо ғалаба аз нигоҳи равонӣ бисёр хуб аст. Бачаҳо эҳсос карданд, ки метавонанд бозӣ кунанд ва ғолиб оянд, вале хато бисёр аст. Ба ҳар сурат, ҳаяҷонро дар бозии аввал як тараф гузошта, бозӣ кардан ва се хол ба даст овардан зарур буд. Бачаҳо кӯшиш карданд, ман аз бозиашон дар майдон ва худфидоияшон розиам. Бозӣ бисёр ҷолиб буд. Бачаҳо тавонистанд худро нишон диҳанд ва ду гол заданд. Ин аз ҳар ҷиҳат муҳим аст. Бозии мо аз бозии идеалӣ бисёр дур аст, бинобар ин тамрин ва рушд кардан даркор. Аз ҳама муҳим — бо тамоми қувва ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26-уми март дар Тошканд баргузор мешавад, омодагӣ дидан зарур аст”.

Мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа

Даври 1-ум

Эрон – Тоҷикистон – 1:2

Голҳо: Воҳид Номдорӣ, 4 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 39 (1:1). Шериддин Бобоев, 50 (1:2).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе (Амирҷон Сафаров, 87), Шериддин Бобоев.

Сардовар: Абду Ал-Ҳодӣ Ал-Роял (Қатар).

15 январ. Доҳа. Майдони футболи Академии «Aspire». 100 бинанда.

Қатар – Кувайт – 3:1

Тақвими бозиҳои оянда:

Даври 2-юм

18 январ (ҷумъа)

19:30. Эрон – Кувайт

21:30. Қатар – Тоҷикистон

Даври 3-юм

21 январ (душанбе)

19:30. Тоҷикистон – Кувайт

21:30. Қатар – Эрон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here