Духтарони футболбози Тоҷикистон (U-16) дар марҳилаи якуми даври интихобии Чемпионати Осиё-2019, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор идома дорад, ҳамсолони худ аз Ҷазираҳои Мариянаи Шимолиро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд.
Духтарони 16-солаи футболбози Тоҷикистон дар дақиқаи 18-ум ҳисобро кушоянд. Ҳуҷумкунандаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Амина Собирова муаллифи голи аввалин гардида, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҷазираҳои Мариянаи Шимолиро маҷбур кард, ки боз ду тӯби дигарро дар дақиқаҳои 56-ум ва 57-ум аз дарвозааш гирад. Ин аввалин хет-трики Амина дар силсилаи ин бозиҳо мебошад.
Дар даври дуюм духтарони футболбози Таиланд дастаи мунтахаби Сингапурро бо ҳисоби 6:0 шикаст доданд. Футболбоздухтарони тоҷик дар бозии якуми худ аз дастаи Сингапур бо натиҷаи 1:4 шикаст хӯрда буданд.
Дар марҳилаи якуми интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни духтарони то 16-сола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Таиланд, Эрон, Сингапур ва Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ иштирок доранд.
Аз шаш гурӯҳ ду дастаи ҷойҳои якум ва дуюм ба бозиҳои марҳилаи дуюм роҳхат гирифта, ду дастаи беҳтарини мақоми сеюм низ чунин имкониятро соҳиб хоҳанд шуд. Се дастаи беҳтарини чемпионати гузашта – ҶХДК, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ба даври финалӣ, ки соли оянда дар Таиланд баргузор мегардад, роҳхати мустақим ба даст оварданд.