Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, рӯзи 4 майи соли равон, дар муроҷиатномаи худ аз тоҷирону доруфурӯшон даъват ба амал овард, ки аз вазъи ба амаломада суистифода бурда, нархи наворо баланд накунанд.

Раиси вилоят дар муроҷиатномаи худ гуфтааст, ки дар вилоят тамоми имконияту захираҳо барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву дорувориро ҳаст.

— Ҷойи тарсу ҳарос нест, аммо бо истифода аз фурсат мехостам, ба тоҷирон ва доруфурӯшон муроҷиат намоям, ки аз вазъи ба амаломада набояд суистифода намоянд. Беасос баланд бардоштани нархи маҳсулоти озуқа, маводи доруворӣ хилофи арзишҳои башардӯстона буда, боиси ба миён омадани нофаҳмӣ дар миёни мардум ва касод шудани буҷаи оилаҳо мегардад, — омадааст дар муроҷиатнома.

Шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ метавонанд ба Ситоди вилоятии пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (CОVID-19) тариқи телефонҳои боварӣ (8 3222 2-44-78; 8 3222 2-22-73; 918-81-27-41) муроҷиат кунанд.

Дар идома гуфта мешавад, ки фаъолияти бозору фурӯшгоҳҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар сохторҳои иҷтимоӣ  таҳти назорат қарор дошта, аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои санитарию гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани кишту кори баҳорӣ ва такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал тадбирҳои саривақтӣ меандешад.

— Биёед, якдилона меҳнат кунем ва нагузорем, ки пайомадҳои иқтисодии вабои фарогир ба вазъи таъмини амнияти озуқавории мамлакатамон таъсири манфӣ расонад, — хулоса шудааст ин муроҷиатнома.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here