Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар мавзеи Айнӣ-1-и ноҳияи Айнӣ маркази хизматрасонии тиббӣ ба истифода дода шуд. Тавре масъулини беморхонаи марказии ноҳяи Айнӣ ба Faraj.tj иттилоъ доданд, бинои мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Фирдавс Ёров бо мабағи 250 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Бинои маркази саломатӣ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он  дорухона ва ҳуҷраи рентгени рақамӣ мавҷуд буда, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраи физиотерапия ва озмоишгоҳ ҷойгир шудааст.

Сокинон гуфтанд, ки ба истифода дода шудани ин марказ, то андозае мушкилоти онҳоро дар самти ташхису табобат осон кард, зеро чунин таҷҳизот фақат дар беморхонаи марказӣ буду барои қонеъ кардани аҳолии ноҳия кифоя набуд.

Минбаъд дар маркази хизматрасонии мазур 10 нафар мутахассис бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин хоҳанд буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here