Мошини тамғаи “Дулан”, ки рӯзи 31-уми октябр дар километри 97-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ ба дарёи Фон сарозер гардида буд, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва кормандони хадамоти роҳи “IRS” берун оварда шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ронанда Афзалшо Шодиев, сокини шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошини боркаши тамғаи “Дулан”-ро бо 30 тонна ангишт, ба ҷарии умқаш 15 метраи дарёи Фон, сарозер кардааст.
Гуфта мешавад, ки бо гузашти 3 рӯз ҳеҷ кас барои ёрӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат накардааст.
— Аз вуқуи ин ҳодиса кормандони Кумита аз шабакаи иҷтимоии Фейсбук огоҳ шуданд. Муаллифи мавод навишта буд, ки “дуюмин рӯз аст интизори ёрист, вале касе ба кумакаш намерасад”. Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки ин мошинро ба 21 ҳазор доллар харидаву дар қарз ғӯтавар шудааст”,- гуфтанд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.