21-уми январ вебгоҳи хабарии Faraj.tj аз ҷараёни роҳҳои ноҳамвори километри 23-24-и мавзеи Сойи Чашмаи ноҳияи Айнӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунии он гузорише таҳия карда буд.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ иттилоъ дода буд, ки маблағгузории корҳои сохтмонии мазкурро Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ташкилоти “Каритас Олмон” ба иҷро расонидааст.

Роҳбари муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ Шербуттаев Садриқул дар сӯҳбати хабарнигори Faraj.tj гуфт, “маблағи умумии сохтмон 330 ҳазор сомонӣ буда, то имрӯз дар 32 метри роҳ корҳои бетонхобонӣ ба анҷом расидааст”.

— Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 15 нафар роҳсози муассиса мунтазам дар пайи коранд. То мавсими обхезӣ дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ хотима ёбад, — таъкид намуд Шербуттаев Садриқул.

Сокинони ин мавзеъ мегӯянд, ба хизмати тӯлонии ин соҳилмустаҳкамкунӣ боварӣ надоранд, зеро чанд маротиба чунин сохтмон анҷом ёфту дар мудати кӯтоҳ онро об шуст. Ин бор ҳам эҳтимол аст чунин ҳолат ба амал ояд.

Роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ дар канори роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҷойгир буда, то ҳол он таъмири ҷорӣ ва асфалтпӯш нашудааст. Дар фасли сармо лойу лағжиш ва тобистон, чангу хок ба равуои автомобилҳо халали ҷиддӣ мерасонад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here