Як ҳайати Тоҷикистон бо намояндагӣ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси он Шукурҷон Зуҳуров ба Ӯзбекистон омаданд. Аъзои ин ҳайати баланпояи Тоҷикистон ба майдони “Мустақиллик” омаданд ва ба зери муҷассамаи “Накӯкорӣ” гулчанбар гузоштанд.
Баъд дар бинои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон паси мизи мулоқот нишастанд. Дар ин мулоқот қайд гардид, ки дар се соли охир бо иқдомоти наҷиби сарварони ду давлати ҳамҷавор Ӯзбекистону Тоҷикистон дар боби ривоҷи ҳамкориҳои неку босамар ба муваффақиятҳои шойиста роҳ ёфтанд. Хосатан, байни ин ду кишвар робитаҳои ҳамкорӣ то дараҷаи стратегӣ бароварда шуд.
— Ҳамкориҳои байнипарлумонии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба давраи нав ворид гардид ва он барои манфиатҳои мардуми ду кишвар хидмат менамояд. Яке аз ҷанбаҳои асосии ҳамкориҳои миёни ду парлумонро мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстиву рафоқати байни ду кишвар, ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ, назорати иҷрои он шартномаҳое ташкил менамоянд, ки миёни ду кишвар ба имзо расидаанд,-изҳор намуд дар ин мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи он ибрози умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар оянда низ доман фарох менамоянд ва ба манфиати мардуми ду кишвар хидмат мекунанд.
Гуфта мешавад, дар се соли охир ҳамкориҳои де кишвари ҳамҷавор дар соҳаҳои гуногун он гуна пешрафт намудааст, ки назираш дар ду даҳсолаи охир ҳаргиз дида нашудааст.
Баргузории дидору мулоқоти ҳайати Парлумони Тоҷикистон дар бинои Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар идомаи ин сафар хеле дар фазои дӯстона ба вуқӯъ пайваст. Дар мулоқоти мазкур ба таваҷҷӯҳи меҳмонон роҷеъ ба фаъолияти парлумон дар мавриди таълифу таҳияи қонунҳо, меъёри эҷодкориҳо ва услуби кори фраксияҳои парламентии аҳзоби сиёсӣ, навигариҳо дар соҳаи парламентаризм таснифот сурат гирифт.
Зимнан дар мулоқоти ҳайатҳои парлумонии Ӯзбекистону Тоҷикистон таъкид гардид, ки беҳбуди ҳамкориҳои ба роҳ мондашуда дар муддати кӯтоҳ хеле самараи нек медиҳанд. Ҳамчунин дар пояи он барои боз ҳам густарда шудани домани дӯстиву рафоқати мардуми ду кишвар заминаҳои мустаҳкам гузошта мешаванд.
Дар Ӯзбекистон 22 декабри соли равон баргузории интихоботи парлумонӣ ва депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин дар Тоҷикистон низ то баргузории интихоботҳои парлумонӣ ва депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ вақти кам боқӣ мондааст. Бар ин асос ҷонибҳо иброз намуданд, ки дар бобати баргузории интихоботҳо аз таҷрубаи ҳамдигар бархурдор мешаванд ва таҷрубаҳои кишварҳои пешрафтаро низ дар ҷараёни тайёрӣ ва баргузории интихобот корбаст намоянд.
Дар хотимаи мулоқот байни раисони Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Баъди мулоқотҳои расмӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ аз муҷтамаъи Ҳазрати Имом боздид намуданд ва бо корҳои ободу зебогардонии атрофи он ошно шуданд. Меҳмонон нусхаи бузурги китоби “Қуръон”-и усмониро аз наздик диданд. Баъд аъзои ҳайати Тоҷикистон дар осорхонаи “Темуриён” экспонатҳои ҷолиби онро тамошо карданд ва барои чунин истиқбол ба ҷониби мизбонон арзи эҳтирому сипос баён карданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
Хабарнигори хоси “Фараж”, Тошканд