Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон парвариши дарахтони ситрусӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Айни замон майдони умумии лимӯзор дар ин ноҳия 125 гектарро ташкил карда, назар ба соли гузашта 12 гектар зиёд аст. Ба иттилои расида, тибқи нақша ҳамасола майдони дарахтони ситрусӣ аз 10 то 15 гектар зиёд карда мешавад.

Водии Вахш бо лимӯи навъи аъло на танҳо дар дохил, балки берун аз кишвар шуҳрати зиёд дорад. Навъҳои беҳтарини ин меваи ситрусӣ асосан дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон парвариш мешаванд. Кишоварзони ин минтақа дар ин ҷода ба устоди пуртаҷрибаи лимқпарвар табдил ёфтаанд. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз тавсияи ин деҳқонони асил пайваста истифода карда мешавад.

Тибқи иттилои Раёсати  кишоварии ноҳия айни замон дар майдони 125 гектар дар дохили  гармхонаҳо парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Солҳои қаблӣ парвариши лимӯ дар заминҳои наздиҳавлигии сокинон ба роҳ монда шуда буд.  Бо серталаб будани ин навъи маҳсулот майдони умумии парвариши он васеъ гардида, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ низ гармхонаҳо ташкил гардид ва имрӯз майдони умумии лимӯ дар ин хоҷагиҳо ба 20 гектар расидааст.

Соли сипаригардида, 3 ҳазору 35 тонна лимӯ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла, ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия содирот карда шудааст. Имсол мувофиқи нақша, бояд 3 ҳазору 500 тонна лимӯ содирот карда шавад.  Деҳқонон ҳамасола майдони лимӯзорро васеъ карда, истеҳсол ва содироти онро ба хориҷи кишвар зиёд мекунанд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here