Корхонаи дӯзандагии «Ахтари Вахш»-и ноҳияи Вахш имсол ният дорад барои 21 ҳазор хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш сарулибоси ягонаи мактабӣ омода кунад.
— То имрӯз ин корхона 10 ҳазору 500 либоси мактабиро омода ва дастраси хонандагон гардонидааст, — гуфт Фирӯза Умарова, як масъули корхонаи дӯзандагии «Ахтари Вахш».
Ҳамчунин, ӯ иттилоъ дод, ки то оғози соли нави хониш, яъне то 17-уми август, пурра 10 ҳазору 500 сарулибоси ягонаи мактабӣ омода хоҳанд шуд.
— Ҳоло барои дӯхтани сарулибоси ягонаи мактабӣ 15 нафар зани хонашин ба кор ҷалб шудаву бо маоши муносиб таъмин мебошанд, — илова кард ӯ.
Аз сифати либосҳои омодакардаи ин корхонаи дӯзандагӣ волидон низ розӣ буда, барои харидани либос ҳамарӯза ба ин корхона муроҷиат мекунанд.
Бояд гуфт,ки корхонаи дӯзандагии «Ахтари Вахш» чанде пеш барои пешгирии бемории сироятии коронавирус ниқобҳои тиббӣ медӯхту аҳолии ноҳияи Вахшро бо ниқоби босифат таъмин мекард.