Маълум шуд, ки дар даври плей-оффи Ҷоми КФО-2019 «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо дастаи туркмании «Аҳал»-и Ишқобод бозӣ мекунад. «Аҳал» дар ду бозии муқаддимотӣ бар дастаи қирғизии “Олой” аз Ӯш (2:1, 1:0) ғалаба кард.
Бозиҳои плей-оффи Ҷоми КФО-2019 миёни дастаҳои “Аҳал” ва “Хуҷанд” 6 ва 13-уми март баргузор мешаванд. Бозии аввал дар Ишқобод, бозии ҷавобӣ дар Хуҷанд бояд гузарад. Ғолиби ин ҷуфт ҳаққи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи Марказиро пайдо мекунад. Баъд ба даври дигар баромадан ин даста дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон), “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.
Ҷоми КФО-2019
Минтақаи Марказӣ
Марҳалаи муқаддамотӣ. Бозии ҷавобӣ
«Аҳал» (Туркманистон) – «Алай» (Қирғизистон) – 1:0
Бозии аввал – 2:1.
Плей-офф. Бозии аввал
6 март (чоршанбе)
Оғоз – 18:00
«Аҳал» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
Ашқобод, Варзишгоҳи «Ашқобод»
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
13 март (чоршанбе)
Оғоз – 14:00
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) — «Аҳал» (Туркманистон)
Хуҷанд, Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»