Кормандони шуъбаи Агентии зидди коррупсия дар минтақаи Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин як махфигоҳи силоҳро пайдо кардаанд. Яроқҳо, аллакай занг зада, корношоям шудаанд.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода гуфт, махфигоҳ имсол дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар даруни дара, аз таги сангҳо пайдо карда шуд.
— Силоҳҳо солҳои қаблӣ пинҳон карда шудаанд. Аксарияти тиру яроқҳо занг зада, корношоям гардидаанд. Вобаста ба ҳолати дарёфт парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардем. Алҳол тафтишоти пешакӣ идома дорад ва ҳолатҳои кор муайян карда мешавад, — гуфт Султонзода.
Директори Агентӣ шумори яроқу аслиҳа ва тирҳои пайдошударо дақиқ нагуфт, аммо тахмин зад, ки шояд онҳо ба қочоқбарон тааллуқ дошта бошанд. “Инро боз тафтишот муайян хоҳад кард”, — гуфт ӯ.