Як адвокат аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо гумони фиребгарӣ дастгир шудааст, ки ӯ аз шаҳрванде барои кам кардани ҳукми суд 8 000 доллар гирифтааст.
Холиқов Равшан Кароматуллоевич дар асоси фармони №28 аз 09 апрели соли 2016 то 20-августи соли 2016 ҳамчун аъзои коллегияи адвокатҳои «Кафолат»-и мақоми минтақавии иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қушмуродов Б.М. даромада, барои гуё ба воситаи мақомоти судӣ тағйир додани ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва кам кардани муҳлати ҷазои ҷиноятии нисбати бародараш таъингардида аз ӯ маблағи 8.000 долларро ғайриқонунӣ гирифтаааст. Ин адвокат ба манфиати Қушмуродов Б.М. ягон амалро иҷро накарда, ин маблағро ба манфиати шахсии худаш истифода бурдааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Холиқов Равшан Кароматуллоевич бо аломатҳои ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.