Дар вилояти Хатлон имсол 380 кӯдак аз тарафи дигар оилаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд, ки ин рақам нисбати соли гузашта зиёд аст.

— Бештар фарзандхонӣ дар ноҳияҳои Қубодиён ва Темурмалик ба қайд гирифта шуддааст, — гуфт сармутахасиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мирсаидзода Ҳурумбӣ.

Зикр карда шуд, ки  ба фарзандхонӣ гирифтани кӯдакон бештар аз ҷониби оилаҳое сурат мегирад,  ки дар солҳои тӯлонии зиндагии муштарак соҳиби фарзанд нашудаанд ва  барои вайрон нашудани оилаи хеш кӯдаконро ба фарзандӣ гирифта, ба ин васила мехоҳанд эҳсоси бефарзандии худро бартараф кунанд.

— Ағлаби кӯдакони фарзандхоншуда аз хона-интернет ва оилаҳои ниёзманд мебошанд.  Оилаҳое кӯдконро ба фарзандхонӣ гирифтаанд, ки шароити хуб доранд ва боварӣ хаст, ин тифлон дар руҳияи ватандорӣ ва бо меҳру муҳаббати сарпарастони худ ба воя мерасанд, — илова кард ҳамсуҳбати мо.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here