Вазорати тандурустии Афғонистон хабар додааст, ки то 5-уми август дар кишвар шумораи гирифторони коронавирус ба 10 миллион нафар расидааст.

Ба иттилои телевизиони “Tулунюз”-и Афғонистон, Ҷовид Усмонӣ, вазири тандурустии ин кишвар, дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки дар натиҷаи барасии тести 2500 нафар ин шумораи ахир ба даст омадааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ додааст, ки ҳамакнун 31,5 фоизи аҳолии Афғонистон мубталои вируси корона гардидаанд. Миқдори аз ҳама бештари гирифторон дар шаҳри Кобул ба қайд гирифта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here