10-уми сентябр ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО-AFC) баргузор шуд, ки дар он тақдири мусобиқаҳои ин созмон баррасӣ шуд.

Кумитаи иҷроияи КФО тасдиқ кардааст, ки дунёгир шудани коронвирус ба имкониятҳои КФО дар газаронидани мусобиқаҳо таъсир гузаоштааст. Бо дарназардошти зарурати беҳдошти некӯаҳволии бозигарони ҷавон, инчунин масъалаҳои сафар ва сиҳатии онҳо, Чемпионати Осиё байни наврасон (U-16) ва Чемпионати Осиё байни ҷавонон (U-19), ки дар Баҳрайн ва Узбакистон ба нақша гирифта шудаанд, ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд.

Акнун чемпионати футзали Осиё дар Кувайт баргузор мешавад, аммо замони баргузории он аз моҳи ноябр ба 2-13-юми декабр тағйир дода мешавад, то ба ассотсиатсияҳои футбол барои омодагӣ ба мусобиқа вақт дода шавад.

Бо ҳамин далел баргузории Ҷоми КФО бекор карда шуд. Акнун “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки дар Ҷоми AFC-2020 аллакай як бозӣ кардаанд, имсол наметавонанд дар дуюмин мусобиқаи муҳимтарини клубии Осиё рақобат кунанд.

Бозиҳо дар минтақаи шарқии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2020 акнун аз 15 ноябр то 13 декабри соли равон ба нақша гирифта шудаанд.

Кумитаи иҷроияи AFC инчунин тасдиқ кард, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар Минтақаи Ғарбӣ 19 декабри соли равон бо доир кардани як бозӣ баргузор мешавад.

Ҷоми ҳамбастагии AFC низ ба ҳамин иллат лағв шуд ва акнун соли 2024 баргузор хоҳад шуд. Инчунин, чемпионати клубҳои футзали Осиё низ лағв шуд ва Аморати Муттаҳидаи Араб мизбони мусобиқаи навбатӣ дар соли 2021 хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, тасмим гирифта шуд, ки Конгресси 30-юми AFC, ки 9 декабр дар Куала-Лумпур баргузор мешавад, онлайн баргузор карда шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here