Аввалин ҳолати сироятшавӣ ба коронавируси типи нав дар қисмати ҷанубии Швейсария рӯзи сешанбе  ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Оҷонсии ТАСС дар такя ба иттилои шуъбаи федералии тандурустии ин кишвар.

Тавре манбаъ мегӯяд, ҳодисаи сироятшавӣ дар маркази Тичино, ки бо навоҳии шимолии  Италия ҳамсарҳад аст, аз худ дарак дод. Санҷиши  натиҷаи ташхисро озмоишгоҳи  Женева  бар дӯш гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар Аврупо паҳншавии вируси нави корона авҷ мегирад, феълан шумораи умумии сироятшудагон дар Шимоли Италия наздик ба 322 нафар расидааст, ки аз ин ҳисоб тақдири  10 нафар бо марг анҷом ёфтааст. Аксарияти беморон дар вилояти Ломбардиё сукунат доштаанд, ки ҳукумати маҳаллӣ низоми қарантин ҷорӣ карда, назорати сарҳадро пурзӯр кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here