Бино бар гузориши расонаҳои Туркманистон, қурби ғайрирасмии доллари амрикоӣ дар ин кишвар боло меравад.
Агар 21-уми октябр дар шаҳри Ишқободи Туркманистон 1 доллари ИМА 8.5 манат арзиш дошт, пас 22-юми октябр қурби он ба 9 манат расидааст. Бо вуҷуди ин, доллар дар ин кишвар танҳо фурӯхта мешавад, харидан амалан имкон надорад.
Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ҷаҳиши кунунӣ ҳадди ниҳоӣ нест. Дар охири моҳи ҷорӣ мумкин аст, 1 доллар ба 10 манат баробар шавад.
Қурби бонкӣ аз моҳи январи соли 2015 дар сатҳи 3.5 манат барои як доллар боқӣ мондааст, вале доллар дар бонкҳо низ танҳо фурӯхта мешавад.