Кумитаи раъйпурсии ҷудоии курдҳои Ироқ натиҷаҳои ҳамапурсиро эълон кард, ки 92 дарсади иштироккунандгон ба истиқлолияти Курдистон овоз додаанд.
Кумитаи ҳамапурсии ҷудоии Курдистон эълон кард, ки 72 дарсад аз раъйдиҳандагон дар ҳамапурсии истиқлоли Курдистон ширкат карданд ва тайи он 92 дарсад аз ширкаткунандагон ба ҷудоии ин минтақа аз Ироқ раъй доданд.
Ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ алорағми фишорҳои Бағдод, таҳдидҳои Туркияву Эрон ва ҳушдорҳои байналмилалӣ рӯзи душанбе баргузор шуд.
Натиҷаи ин ҳамапурсӣ ҳатмӣ нест, аммо ба раиси қаламрави Курдистон Масъуд Боризонӣ иҷозат медиҳад бар сари ҷудоии ин минтақаи тавлидкунандаи нафт бо Бағдод ва соири кишварҳои ҳамсоя музокира кунад.