80 муҳоҷири тоҷикро дар шаҳри шаҳри Владимири Русия бо гумони нақзи қоидаҳои будубош дар ин кишвар дастгир кардаанд. Дар ин бора РО хабар дода, менависад, ки мақомот русӣ гуфтаанд, муҳоҷирон иҷозаи кору иқомат надоштанд ва аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд. Наздикони баъзе муҳоҷирон мегӯянд, онҳо чанд иштибоҳи «техникӣ» кардаанд, ки дар ивази он ихроҷ аз Русия «ҷазои сахтест».

Муҳоҷирони боздоштшуда асосан дар сохтмон ва анбори маҳсулот кор мекарданд.

«Шароиташон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ хуб нест. Ҳатто барояшон ғизо бурда намешавад. Гуфтанд, ки барояшон худатон билети ҳавопаймо харед. Мо ҳозир барои шаш нафар мехоҳем билет харем, ки ба ватан баргарданд,» — гуфтааст як нафар аз наздикони боздоштшудаҳо.

Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Русия бо ҳадафи ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар шаҳри Владимир тафтиши сартосариро оғоз кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз боздошти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Владимир хабар доранд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 4-уми сентябр ба РО гуфтааст, бо мақомоти ин шаҳр дар тамос буданд. Ба қавли Аҳмадӣ, мақомоти шаҳри Владимир гуфтаанд, он муҳоҷироне боздошт шуданд, ки қонуни Русияро нақз кардаанд. «Барои ҳимоя аз манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон омода ҳастем. Агар воқеан беадолатӣ бошад, кӯшиш мекунем, ки ҳимоя кунем, аммо агар қонушиканӣ бошад, пас, меъёри қонун барои ҳама як аст,» — гуфтааст ӯ.

Дар чор соли ахир, пас аз он ки барои муҳоҷирони тоҷик патент ё иҷоза барои кор ҳатмӣ шуд, ҳазорон муҳоҷири тоҷик бо баҳонаи надоштани санад ва нақзи қоидаи буду бош боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳои Русия парвандаи муҳоҷиронро даста-даста баррасӣ мекунад ва баъзан ҳукми ихроҷ бе ҳузури онҳо хонда мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here