Бар асари садамаи ҳавопаймои мусофирбари Ан-148-и ширкати русии “Саратов эйрлайн” рӯзи якшанбеи 11-уми феврал 65 мусофир ва 6 сарнишини он ба ҳалокат расиданд, ки миёни мусофирон як кӯдаки хурдсол ҳам будааст.

Бино ба гузоришҳои хабаргузориҳои Русия ҳавопаймои баъди парвоз аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба самти шаҳри Орски вилояти Оренбург дар наздикии деҳаи Степановскоеи ноҳияи Раменское дар вилояти Маскав суқут кардааст.

ИТАР ТАСС аз қавли манбааш дар Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия менависад, бо сабаби зиёд будани барфрезӣ наҷотдиҳандагон натавонистаанд бо нақлиёти заминӣ ба ҷойи ҳодиса бирасанд. “Пораҳои ҳавопайморо пайдо карданд, вале муттаасифона, касе зинда намондааст”.

Гуфта мешавад, пас аз вуқӯи фоҷиа вазири нақлиёти Русия Максим Соколов, губернатори вилояти Маскав Андрей Воробёв, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия Владимир Пучков ва роҳбари Росавиатсия Александр Нерадко ва як ҳайати муфаттишон ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. Кумитаи тафтишоти Русия вобаста ба суқути ҳавопаймо парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Омилҳои садама, ки ҳавои номусоид, кори дасти одам ё мушкили техникӣ эҳтимол карда мешаванд, муайян хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ҳавопаймои АН-148, ки рӯзи 11 феврал бо 65 мусофиру 6 узви экипаж аз Маскав ба шаҳри Орск парвоз мекард, соати 14:21 ба вақти Маскав аз фурудгоҳи Домодедово ба ҳаво хест, вале баъди 7 дақиқа ногаҳон аз экрани радарҳо гум шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here