Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад, ки дар 38 деҳаи ноҳияи Лахш 54 мавзеи хавфнок ҳаст, ки 428 хоҷагӣ дорад. Теъдоди аҳолии зери минтақаи хатар дар ин 38 деҳа 2166 нафар гуфта мешавад.
Аз ҷумла, 3 мавзеъ бо 23 хоҷагӣ дар ҷамоати шаҳраки Ваҳдат, 5 мавзеъ бо 47 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти Пилдон, 9 мавзеъ дар ҷамоати деҳоти Ҷиргатол, 8 мавзеъ дар ҷамоати деҳоти Янгишаҳр, 10 мавзеъ бо 20 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти Сурхоб, 7 мавзеъ бо 421 нафар дар ҷамоати деҳоти Сартало, 3 мавзеъ бо 19 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти Қашот, 3 мавзеъ бо 20 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти Лахш, 2 мавзеъ бо 298 нафар дар ҷамоати деҳоти Муксу ва 6 мавзеъ бо 44 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти Олға зери хатар қарор доштаанд.