Суд 5 нафар собиқ кормандони «Тоҷпромбонк»-ро ба мӯҳлати гуногун аз озодӣ маҳрум кард. Онҳо дар аз худ кардан ва исрофкории  маблағ дар ҳаҷми 200 ҳазор доллар гунаҳкор дониста шудаанд.

13 сентябри соли 2017 дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қурбонов С.Н. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди  «б», 295 қисми 2, 340  қисми 2 бандҳои “а”, “б”, ”в”, Ғафуров И.С. бо моддаҳои 245 қисми 4  банди  «б», 340  қисми  2  бандҳои “а”, “б”, “в”, Сафаров  Ҳ.Н., Ҳодиев Ф.Ҷ. ва Тешаева С.Б. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 бандҳои “б”, “в”-и Кодекси  ҷиноятӣ баррасӣ гардид.

Номбурдагон  барои он айбдор дониста шудаанд, ки Қурбонов С.Н. дар вазифаи  директори  филиали  ҶСП “Тоҷпромбонк” дар  ноҳияи Шаҳринав, Тешаева С.Б. дар вазифаи сармуҳосиб, Ғафуров И.С. дар вазифаи хазиначӣ, Сафаров Х.Н. ва Ҳодиев Ф.Ҷ. дар вазифаи коршиносони калони қарзии ҳамин бонк фаъолият карда, дар давраи аз соли 2013 то моҳи феврали 2016 бо маслиҳати пешакӣ пасандоз, маснуоти тилловорӣ ва маблағҳои пешпардохти мизоҷонро аз худ карда, бо ин кирдорашон  ба бонки  мазкур ба маблағи умумии 188.000 доллар, 95.182 сомонӣ ва 278.738 рубли русӣ зарар расонидаанд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 13.09.2017 номбурдагон бо моддаҳои дар боло дарҷгардида гунаҳкор дониста шуда, Қурбонов  С.Н. 16  сол, Ғафуров И.С. 12  сол, Ҳодиев Ф.Ҷ. ва Сафаров Ҳ.Н. 9-солӣ, Тешаева С.Б. 8 солу 6 моҳ маҳкум гардиданд.

 

«Тоҷпромбонк» аввали ин сол фаъолияти худро қатъ кард, зеро бо қарори Бонки миллӣ иҷозатномаи фаъолияти амалиёти бонкиаш бозпас гирифта шуд. Далели ин аз уҳдаи хизмат ба мизоҷон набаромадни бонк гуфта мешуд.  

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here