Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 359 нафар роҳбар ва шахсони масъули корхонаҳоеро, ки дар фаъолияти онҳо қоидавайронкунӣ ошкор шуда, ҷаримабандӣ шудаанд, эълон кард.

Сардори Хадамот Раҳим Санъат Асо имрӯз, 1-уми феврал, дар нишасти матбуоти ниҳодаш гуфт, ин корхонаҳо барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ, ба монанди надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, мавҷуд набудани нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, таъмин набудани корхонаҳо бо мутахассисони соҳавӣ, риоя нагардидани талаботи дастурамалҳои соҳавӣ, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани иншоотҳо ва бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набудани кормандон, инчунин дар феҳристи давлатӣ ба қайд нагузоштани иншоотҳо дар умум ба маблағи 580 600 сомонӣ ҷарима карда шудаанд.

— Корхонаҳои ҷаримашуда ҶДММ Ширкати байналмиллалии истеҳсоли «Чжунгтсай Моҳир Семент», ҶДММ “Тоҷчайна 2013”, ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик, Департаменти истихроҷи ангишт”, ҶДММ “Талко Ресурс”, ҶСК “Корхонаи бойгардонии Такоб”, ҶСК “Ангишт”, ҶДММ “БИ Ю Тоҷикистон”, КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, КВД “Обу корези Душанбе”, ҶДММ “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ”, ҶДММ “Арбоб-сохтмон”, ҶСП “Проммонтаж”, ҶСК “Сементи тоҷик”, ҶДММ “Меҳрдод Интернейшнл”, ҶДММ “Ширкати Тоҷикистону Хитой Дзин Хай”, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Суғд Семент” мебошанд. Аз ҷаримаҳои басташуда то ин замон 22 000 сомониаш аз ҷониби корхонаҳо пардохт нашудааст, ки дар ин самт чораҷӯӣ карда мешавад, — гуфт Раҳим Санъат Асо.

Бино ба гуфтаи роҳбари ин хадамот дар соли 2017 дар корхонаву ташкилот ва иншоотҳои зери назораташ 27 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2016-ум 7 адад кам будааст.

Аз ҳодисаҳои нохуши ба амаломада 9 ададаш дар сохтмони НБО “Роғун” ба вуқӯъ пайвастааст, ки 4 нафар ба ҳалокат расида, 5 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here