Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа танҳо як масъала — «Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ гуфт, ки “вазифаи тамоми мақомоти давлатӣ аз он иборат аст, ки истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ таъмин карда шавад”.
Ҳамзамон, тибқи гузориши раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 32 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ӯҳдадориҳои андозро аз рӯи контингенти умумии даромадҳо (бо назардошти андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ) дар назди буҷет таъмин накардаанд.
Дар ин робита, иҷроиши қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли 2017 дар доираи иҷроиши воқеии даромадҳои буҷет ба роҳ монда шуда, ба андозаи 91,3 фоизи нақшаи нӯҳмоҳа таъмин гардида, ба соҳаҳои иқтисодиёти кишвар зиёда аз 13,8 млрд. сомонӣ равона карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои пардохти музди меҳнат зиёда аз 3,2 млрд. сомонӣ, инчунин, барои идрорпулӣ, нафақа, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо маблағи 1,9 млрд. сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявӣ (дотатсия) 623,5 млн. сомонӣ ва барои иҷрои функсияи пойтахт – 9,0 млн. сомонӣ, дар маҷмуъ 632,5 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки ин 17,0 дарсади хароҷоти воқеии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ташкил медиҳад.