Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 (CAFA) идома дорад, ки дар он дастаҳои мунтахаби бонувони футболбоз аз кишварҳои Қирғизистон, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввал ба дарвозаи дастаи Қирғизистон як голи беҷавоб зад. Голро дар вақти иловагӣ капитани дастаи Тоҷикистон Мадина Фозилова аз зарбаи ҷаримавӣ ба ҳадаф расонд. Бонувони тоҷик дар бозии дуюм аз дастаи мизбон – Ӯзбекистон ба ҳисоби 0:11 мағлуб шуданд.
Ӯзбекистон дар бозии якуми худ ба дарвозаи занони Афғонистон 20 гол зада буд, ки дар маҷмӯъ ҳисоби голҳояш дар ин мусобиқа ба 31 расид.
Дастаи мунтахаби Эрон, ки аз даври якум озод буд, дар даври дуюм Афғонистонро бо натиҷаи 6:0 шикаст дод.
Баъд аз ду давр дар ҷадвали мусобиқа дастаи Ӯзбекистон бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Эрон ва Тоҷикистон бо 3-имтиёзӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм мебошанд. Қирғизистону Афғонистон имтиёз нагирифтаанд ва дар зинаҳои чоруму панҷум қарор доранд.
Тоҷикистон дар даври сеюм бозӣ намкунад ва дар даври чорум, 29-уми ноябр, бо дастаи мунтахаби бонувони Эрон вомехурад.
Дар асоси низомнома, чемпионати CAFA миёни бонувон, тибқи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Ғолиби чемпионат дастае мегардад, ки имтиёзи бештар ба даст меорад.
Дар акс ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон