28-уми январ дар ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018 оғоз мешаванд.
АМИТ «Ховар», ки масъули баргузории ин нишастҳост, иттилоъ додааст, ки масъулони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо ба рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, мувофиқа намоянд. Ҳамарӯза дар сомонаи Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон «Ховар» сана ва соати баргузории нишасти матбуотии идораҳо нашр мегардад.
Ин нишастҳои матбуотӣ 15-уми феврал ҷамъбаст мегарданд.