Дар чарогоҳҳои тобистона, ки дар масофаи 150 км аз самти ноҳияи Ғарм ва 300 км аз самти ноҳияи Масчоҳ ҷойгир аст, имсол зимистон барвақт омада, тақрибан 200 чорво зери тарма монда, ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора як манбаъ бе ифшои номаш ба faraj.tj иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, одамон осеб надидаанд, вале дар натиҷаи фуромадани тарма дар ағбаҳои Дубурса ва Тагшифт тақрибан 20 ҳазор сар чорво ҳангоми баргашт аз чарогоҳи тобистона дармонда, ба пеш ҳакарат карда наметавонанд.

Ҳамзамон, манбаъ мегӯяд, чанд хонаводае аз деҳоти наздик, ба ёрии онҳо шитоб кардаанд, вале то ҳол аз ҷониби Ҳукумати ноҳия ба зарардидагон касе даст дароз накардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here