Маркази матбуоти Хадамоти гумрук аз боздошт шудани 18 мошини боркаш, ки ба қочоқи мол машғул буданду ба маблағи 13 миллиону 325 ҳазору 199 сомонӣ ҳамлу нақли ғайриқонунӣ кардаанд, хабар дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар амборхонаи воқеъ дар кӯчаи Кофарниҳон 78/2, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 18 адад автомашинаи тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиашон 12 75 СР 01, 12 80 СР 01, 30 53 СЕ 01, 90 43 ВА 01, 12 78 СР 01 ядакаш 190 ZР, 34 67 АА 04 ядакаш 0042 АА 04, 19 84 ВА 01 ядакаш 216 ОС, 291 ХЕ 01 ядакаш 665 ZР, 12 85 СР 01 ядакаш 943 СД, 175 ХЕ 01, 04 14 АК 01, 285 ХЕ 01 ядакаш 2090 ОР, 51 83 ВХ 01 ядакаш 1514 АА 01, 73 90 ЕО 01 ядакаш 0414 ВА 01, 14 80 ВА 01, 14 81 ВА 01 ядакаш 398 СР 01, 13 86 СР 01 ядакаш 380 СР 01 ва 76 54 АВ 01 ядакаш 08 01 АА 01 бо масолеҳи сохтмонӣ, ширешҳои гуногун, таҷҳизоти техникӣ, либосҳои гуногун, телевизор ва дигар молҳои ниёзи мардум боздошт карда шуд.

Молҳои мазкур ба шаҳрванд Саидов Толиб Набиевич, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Навобод, хонаи 146, роҳбари ҶДММ «Файзимоҳ» тааллуқ дорад. Ӯ санаи 20-уми сентябри соли 2017 молҳои дар болозикргардидаро аз Ҷумҳурии халқии Чин тариқи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст.

Мувофиқи маълумотномаи Раёсати танзими тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молҳои тариқи қочоқ ворид намудаи Саидов Т.Н., маблағи умумии 13 миллиону 325 ҳазору 199 сомониро ташкил медиҳад.

Бо ин ҳаракатҳояш Саидов Т. Н., ҷинояти дар моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ таҳти №19148 аз 23-юми октябри соли 2017 аз тарафи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here