Аз 8 январи соли 2018, ки оғози иқдоми “Чипта ба Русия” буд, аллакай 15 нафар соҳиби чиптаҳои ройгон шуданд. Барои иштирок дар ин иқдом ба шумо лозим аст, то ҳамагӣ бо 6 сомонӣ, “Бастаи 5 дақиқа ба Русия”- ро харидорӣ кунед.
Ин иқдом дар саросари Тоҳикистон роҳандозӣ шудааст. Ғолибон чиптаҳои худро дар Хуҷанд, Хоруғ, Курғонтеппа, Истаравшан, Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мегиранд.
Дар айни ҳол аллакай 6 нафар, ки соҳиби чипта гаштанд, майли ба Русия сафар карданро доранд. Сатторов Маҷид, сокини шаҳри Хуҷанд, ба писари худ Абдуманнон чиптаи бурдкардаашро тақдим кард. Абдуманнон аллакай нақшаи ба Маскав сафар карданро дорад.
Ғолиби иқдом метавонад самти дилхоҳро, ки Сомон Эйр ба он ҷо хатсайри мустаҳим дорад, интихоб намояд. Шаҳри маъмултарин байни ғолибон, албатта шаҳри Маскав аст. Якчанд ғолиби дигар шаҳрҳои Новосибирск ва Санкт-Петербургро интихоб кардаанд.
Ғолиби дигар, донишҷу Карим Ҷумаев мегуяд, ки ҳангоми аз “Радио Ватан” шунидани ғолибияти худ, ба ин бовар накард ва фикр кард, ки ҳамаи ин ҳазл аст. Албатта пас аз гирифтани чипта, Карим хеле хушҳол гашт ва майли ба Санкт Петербург сафар карданро дорад!
Ҷалил, ғолиби навбатӣ низ аз ин иқдом хеле хурсанд аст. Ӯ нақша дошт ба Маскав сафар кунад ва чиптаи ройгон ба у имкон дод, то буҷаи худро сарфа кунад. Ҷалил аз ширкати Tcell миннатдор аст ва ба тамоми иштирокчиён комёбиҳо орзуманд аст.
Агар шумо орзуи ба Русия сафар карданро доред, иқдоми “Чипта ба Русия” — ин имкониятро фароҳам кардааст, то соҳиби чиптаи ройгон гардед. Иқдоми мазкур, то 8 апрели соли ҷорӣ давом хоҳад дод. “Бастаи 5 дақиқа ба Русия”-ро харидорӣ кунед ва ба сафар омода гардед.