Сарраёсати иҷрои ҷазоии ҷиноятии Тоҷикистон сабаби ба ҳалокат расидани 13 маҳбусро, ки рӯзи 7-уми июл ҳангоми интиқолашон ба ҷои дигар сурат гирифтааст, шарҳ дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб рух додааст, ки мақомот мехостанд, 128 нафар зиндониро барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ аз маҳкамаҳои шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшани вилояти Суғд ба шаҳрҳои Душанбе, Ёвон ва Норак интиқол диҳанд. Дар миёни маҳбусон 8 нафар зан ҳам будааст, ки зарар надидаанд.

Маркази матбуоти СРИҶҶ-и Вазорати адлияи кишвар хабар дод, ки 7-уми июли соли 2019, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 128 нафар маҳкумшуда (120 нафар мард ва 8 нафар зан) аз МИ 3/3, 3/5 ва МТ 9/2-и шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон дар 3 автомашинаи махсусгардонидашуда бояд интиқол дода мешуданд.

Қатораи автомашинаҳои мазкур бо роҳбаладии дастаи посбонон соати 12:45 дақиқа аз шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:20 дақиқа ба шаҳри Душанбе расиданд. Тибқи меъёрҳои муқарраргардида, дар роҳ 6 маротиба барои ҳоҷат таваққуф карданд. Дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат аз 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузӯрӣ, сарчархзанӣ ва қайкунӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар соати 18:20 дақиқа вақте, ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, ҳолати истеъмолкардагони нон бад шудааст. Дар 16 нафари онҳо ҳолати аз ҳушравӣ мушоҳида гардидааст. Соати 18:25 дақиқа бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кумаки аввалияи тиббӣ вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ гардиданд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои таъҷилӣ, ба табибон муяссар гардид, ки танҳо ҳаёти 3 нафар маҳбус наҷот дода шавад. Мутаассифона, новобаста аз дидани чораҳои таъхирнопазири тиббӣ имкони наҷоти 13 нафар аз маҳбусон муяссар нагардидааст.

Субҳи имрӯз хабар расид, ки боз як маҳбуси дигар ҳам ҷон додааст ва шумораи фавтидагон ба 14 нафар расидааст.

115 нафар маҳбуси боқимонда бе нишонаи осеби ҳолати ҷисмонӣ, тибқи таъинот дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷо ба ҷо шудаанд.

Дар бораи заҳролудшавӣ, ки ба талаф ёфтани 13 нафар маҳбус оварда расонд, аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд. Экспертизаи тиббӣ-судӣ таъйин гардида, тафтишот оид ба парвандаи мазкур таҳти назорати қатъии прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудааст.

Ному насаби маҳбусони фавтида:

  1. Турдиев Ёқуб Сафармаҳмадович, с.т. 28.01.1991, сокини ноҳияи Хуросон, ҷ/д Қизил-қалъа, деҳаи Сарбанд.
  2. Одинаев Валиҷон Дарвешович, с.т. 13.12.1976, сокини шаҳри Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳаи Бағалак.
  3. Солиҳов Некқадам Гулмуродович, с.т. 23.07.1985, зодаи ноҳияи Варзоб.
  4. Назруллоев Усмоналӣ Бурихонович, с.т. 21.03.1979, зодаи ноҳияи Ёвон.
  5. Буриев Далерҷон Бозорович, с.т. 16.09.1998, зодаи шаҳри Истаравшан.
  6. Убайдов Афзалшо Ҳабибович, с.т. 23.02.1995, зодаи шаҳри Ваҳдат.
  7. Сунатуллои Имомалӣ, с.т. 05.06.1989, зодаи шаҳри Душанбе.
  8. Юсупов Меҳроб Акбаралиевич, с.т. 07.07.1992, зодаи ноҳияи Варзоб.
  9. Ватаниев Маҳмасаид Восеиевич, с.т. 20.04.1977, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳаи Ҳилолӣ.
  10. Манонов Раҷабмурод Алимардонович, с.т. 26.05.1979, зодаи ноҳияи Файзобод, ҷ/д Чашмасор, деҳаи Бунгакиён.
  11. Ҳакимов Ҳасан Нуралиевич, с.т. 17.01.1987, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён.
  12. Абдураҳмонов Абдураҳмон Ҳасанович, с.т. 10.02.1997, зодаи ноҳияи Рудакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳаи Гулбутта.

13. Ҳайдаров Некрӯз Мирзоалиевич, с.т. 21.08.1999, зодаи ноҳияи Данғара, деҳаи Корез.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here