Аз аввали соли 2017 аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода 80 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз гардида, аз онҳо ба миқдори 124 ҳазору 780 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар бозорҳои шаҳри Турсунзода ба миқдори 318 грамм маҳсулоти заргарии аз тилло сохта шуда ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд, ки дар натиҷа ба маблағи 5 ҳазору 980 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлат гузаронида шудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба миқдори 9 ҳазор килограмм офтобпараст ба расмияти гумрукӣ дароварда шуда, ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ пардохти гумрукӣ ситонида шудааст.

Сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Рашид Абдуласанов иброз доштааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ба миқдори 313 парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ оғоз шуда, дар натиҷа 65 ҳазору 694 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here