Сержанти хурди милитсия Худойдоди Амрохон дар рӯзи ҳодисаи рухдода бо журналист Мусо Бобоҳоҷиев аз кор  озод карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ доданд.

“Ёрдамчии нозири минтақавии ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Худойдоди Амрохон рӯзи 11-уми декабр аз кор озод карда шуд. Номбурдаро  барои вайрон кардани оинномаи хизматӣ ва фармони №1-и вазири корҳои дохилии Тоҷикистон «Дар бораи хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон» аз вазифа сабукдӯш карданд”, — гуфтанд аз Вазорати корҳои дохилӣ.

11-уми декабр кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт журналист Мусо Бобоҳоҷиевро барои аксбардории арчаи солинавии назди Театри опера ва балети ба номи Айниро боздошт ва пурсуҷӯ карданд. Нахуст онҳо талаб карданд, ки аксҳо пок карда шаванд. Сипас, яке аз онҳо телефони журналистро гирифта, ӯро барои ҳуқуқвайронкунии мавҷуднабуда ҷарима бастанӣ шуд.

Танҳо пас аз тамоси телефонӣ бо маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ва роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рӯзноманигор Мусо Бобоҳоҷиев раҳо шуд ва телефонашро ба ӯ баргардониданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here